18 октябри соли равон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ба Ҳақ пайваст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба ин муносибат ба фарзандон, пайвандон, хешу таборон, наздикон ва аҳли илму адаби вилояти Самарқанд номаи ҳамдардӣ  фиристодааст.

Дар он омадааст, ки сафорати Тоҷикистон аз марги шоир, драматург, нависанда ва донишманди шинохтаи тоҷик – Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ сахт андӯҳгин буда, ба фарзандон, пайвандон, хешу таборон, наздикон ва аҳли илму адаби вилояти Самарқанди ҶумҳурииӮзбекистон тасаллият мефиристад.

-Ин шахсияти барҷаста дар давоми умри бобаракати хеш осори зиёде таълиф намуда, дар таҳкими ҳамкориҳои адабии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши бузурге бозидааст. Осори ӯ борҳо дар нашриётҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интишор ёфтааст. Вай байни мардуми тоҷик ва ӯзбек пули дӯстӣ ва бародарӣ барқарор карда, миёни ҳар ду халқ маҳбубияти хосе пайдо намуда буд,-зикр шудааст дар ин нома.

Дар он боз қайд шудааст, ки Ҳаёт неъмати Самарқандӣ борҳо ба сифати узви раёсати Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ баромад карда, бо ашъори дилкаши худ калби дӯстдорони суханро тасхир намудааст. Вай зодгоҳи худ – шаҳри Самарқандаро ниҳоят дӯст медошт ва онро самимӣ васф мекард. Махсусан, дар тазкирааш на танҳо доир ба чеҳраҳои шинохтаи садаи ХIХ ва ХХ – и Самарқанд маълумоти муфассал додааст, балки таърихи гузаштаи онро низ иҷмолан баён намудааст.

Бино ба номаи ҳамдардии сафорати тоҷик дар Тошканд осори Ҳаёт Неъмат  ниҳоят рангин ва доманадор буда, васфи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бештари шеърҳояш ба чашм мерасанд. Ӯ ба сифати тарҷумон ашъори шоирони гузашта ва муосири тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намуда, дар ин ҷода низ шуҳрат пайдо кардааст.

-Ҳаёт Неъмат дар ҳавзаи адабии Самарқанд ва ҳавзаҳои адабии дигари Ҷумҳурии Ӯзбекистон шахси шинохта, соҳибэҳтиром, соҳибдевон ва ватандӯсти асил шинохта мешуд. Хидматҳои ӯро мардуми тоҷик ниҳоят қадр мекунанд,-қайд шудааст дар номаи ҳамдардии сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.

Тавре ки дар ин нома ишора шудааст, ҳар вақт, ки Ҳаёт Неъмат ба Тоҷикистон сафар мекард, ӯро хеле сазовор истиқбол мегирифтанд. Ин шоири соҳибкалом дар чорабинҳои адабиву илмӣ гули сари сабад ба шумор мерафт ва ҳама ба вай арҷу эҳтиром мегузоштанд.

-Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ба сифати узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар анҷуманҳо иштирок мекард, шеърҳои ватандӯстонаашонро бо завқ қироат менамуд ва дар баҳсҳои адабӣ фаъолона ширкат меварзид. Мардуми тоҷик, аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон хотираи ин фарзанди шарафманди Самарқандро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард ва ёдашро ҳамеша гиромӣ хоҳанд дошт,-омадааст дар хотимаи номаи ҳамдардии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь