25-уми май дар шаҳри Душанбе Маркази нави амрикоӣ кушода шуд. Дар ин Марказ шумо метавонед забони англисии худро такмил дода, маҳоратҳои навро аз худ кунед, барномаҳои худро роҳандозӣ ва мизбонӣ кунед, филмҳои амрикоиро тамошо карда ва бо амрикоиҳо мулоқот кунед.

Иншооти муосир бо масоҳати беш аз 700 метри мураббаъ аз 9 минтақаи барномавӣ иборат аст. Аз ҷумла дар студияи иноватсионии “Maker Space” шумо метавонед маҳоратҳои муҳандисии худро такмил диҳед. Инчунин дар Маркази нави амрикоӣ як озмоишгоҳи расонаӣ барои вебблогнависону рӯзноманигорони навкор, китобхона барои омӯзиши забони англисӣ ва интернети баландсуръати ройгон мавҷуд аст. Маркази амрикоӣ дар табақаи сеюми маркази тиҷоратии “Пойтахт” дар хиёбони Мирзо Турсунзода 49 дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Вуруд ба Марказ ва тамоми барномаҳо комилан ройгон аст.  Маркази амрикоӣ аз рӯзи сешанбе то шанбе аз соати 10:00 то 19:00 боз аст.

Сафорати ИМА  маркази навро бо иштироки Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиён Муҳаммаддовуд Қаюм рӯзи 25 май кушод. Сафир Поммершайм Маркази амрикоиро «тӯҳфаи мардуми Амрико ба мардуми Тоҷикистон» номида, дар суханронии худ қайд кард, ки Марказ «намунаи дурахшони шарикии мо мебошад ва шиори моро – «Якҷоя ба пеш» нишон медиҳад. Ин Марказ мардуми кишварҳои моро бо роҳи омухтани забони англисӣ, сайқал додани малакаҳои гуногун ва мубодилаи фарҳангӣ ба пеш мебарад.» Сафир Поммершайм аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба Маркази амрикоӣ ташриф оварда, малакаҳои худро баланд бардоранд ва ба ҷомеаи мусоидаткунанда ҳамроҳ шаванд. Сафир ҳангоми сӯҳбат бо ҷавонони тоҷик, ки дар ин чорабинӣ ширкат доштанд, гуфт: «Ман боварӣ дорам, ки шумо аз ин Марказ истифода бурда, ҳамчун пешвоён рушд хоҳед ёфт, зеро шумо ҳам Тоҷикистонро ба оянда роҳнамоӣ мекунед.» Сафир қайд кард, ки ифтитоҳи ин Маркази амрикоӣ яке аз аввалин чорабиниҳои зиёдест, ки дар соли оянда ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатии ИМА ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Маркази амрикоии нав дар ш. Душанбе ҷузъи шабакаи иборат аз ҳашт Маркази амрикоӣ мебошад, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ғарм ва Панҷакент ҷойгиранд. Аввалин маркази амрикоӣ дар Тоҷикистон соли 2005 дар ш. Кӯлоб кушода шуд. Маркази амрикоӣ ташаббуси муштараки тоҷикону амрикоиҳои фаъол аст, ки дар самти тағироти мусбат назари муштарак доранд. Моҳи сентябр шаҳрвандони амрикоӣ барои ташкили барномаҳои таълимӣ ва роҳбарии клубҳои мубоҳисавӣ ба забони англисӣ дар Марказҳои амрикоӣ ба Тоҷикистон меоянд. Ҳама марказҳо дар саҳифаҳои худ дар Facebook, Instagram ва Twitter фаъол ҳастанд, ки дар он шумо метавонед дар бораи ҷадвали чорабиниҳои онҳо маълумот гиред ва дар баъзе ҷаласаҳои маҷозӣ иштирок кунед. Марказҳои амрикоӣ дар давраи пандемия пурра ба таври маҷозӣ фаъолият мекарданд, аммо дар моҳҳои охир ба барномаҳои иштироки шахсӣ гузаштанд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ин Марказҳоро барои баланд бардоштани ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ва афзоиши имкониятҳо барои аз худ кардани малакаҳои ҷаҳонӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Шабакаи Марказҳои амрикоӣ танҳо яке аз барномаҳои сершумори Сафорати ИМА мебошад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкониятҳои таҳсил фароҳам меорад. Ҳукумати ИМА барои донишҷӯён, мактаббачагон ва мутахассисони тоҷик 25 барномаи мухталифи мубодила пешниҳод мекунад ва беш аз 5000 шаҳрванди Тоҷикистон дар барномаҳои мубодилавии давлатии ИМА ширкат варзиданд. Аз соли 1992 инҷониб ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар, аз ҷумла 100 миллион доллар кумаки омӯзишӣ расонидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь