Ҳафтаи байналмилалии таҳсили соли 2023 дар саросари ҷаҳон аз 13 то 17 ноябр таҷлил мешавад. Барои таҷлил аз ин руйдод, Сафорати ИМА дар Душанбе 13 ноябри соли 2023 аз соати 14:00 то 16:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо як қатор созмонҳои таълимӣ, аз ҷумла Шӯроҳои Амрико, EducationUSA ва Марказхои Амрикоӣ, намоишгоҳи таълимиро баргузор мекунад.

Ҳар як созмон барномаҳои худро муаррифӣ мекунад, дар бораи имкониятҳои таҳсил ва мубодила маълумот медиҳад, инчунин ба саволҳои ҳозирин посух медиҳад. Дар давоми ҳафта дар Маркази Амрикоӣ дар Душанбе муаррифиҳои муҳим баргузор мешаванд. Чорабинии ниҳоӣ ярмаркаи хатмкардагон хоҳад буд, ки санаи 17 ноябри соли 2023 аз соати 16:00 то 18:00 баргузор мегардад ва дар он хатмкардагони коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Амрико иштирок мекунанд. Бақайдгирии иштирокчиён ҳатмист. Бақайдгирии ягона имкон медиҳад, то дар ҳамаи чорабиниҳо иштирок кунед: дар ин ҷо сабти ном кунед.

Ҳафтаи байналмилалии таҳсил як имконест барои таҷлил аз бартариҳои таҳсилоти байналмилалӣ ва мубодила дар саросари ҷаҳон. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатии ИМА ва Вазорати маорифи ИМА барои ҷалби пешвоёни оянда аз Тоҷикистон ва ҷаҳон барои таҳсил, гирифтани дониш ва табодули таҷриба дар Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунад. Он инчунин ба амрикоиҳо имкон медиҳад, ки дурнамои ҷаҳониро беҳтар дарк кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь