Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз тавсеаи муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози қаноатмандӣ кард. Зимни як суҳбати ихтисосӣ бо мухбири “Фараж” Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳор дошт, ки таъйин шудани вай ба ҳайси сафир ба замони сафари дуюми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рост омад. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода дар таҳияи санадҳое, ки зимни ин сафар ба имзо расиданд, вай низ аз наздик ҳамкорӣ кардаву саҳми худро гузоштааст.

– Иродаи сиёсии ду роҳбари давлат мусоидат менамояд, ки робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз пеш доман фарох кунанд. Ин зимни ташрифи дуюми Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бори дигар собит гардид. Имзои 35 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун барои манфиатҳои ду кишвар хизмат хоҳанд кард, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Вай афзуд, ки боз шудани роҳҳо ва осон шудани  равуои байни ду кишвар аз ҳодисаҳои муҳимтарини чаҳор соли охир мебошад. Сафири тоҷик зикр намуд, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ бештар аз севуним миллион шаҳрвандони ду кишвар посгоҳҳои марзиро убур намуданд.

– Риштаҳои дӯстиву рафоқати миёни ду халқ , ки аз давраҳои қадим ибтидо гирифтааст, дар айни ҳол боз ҳам мустаҳкам гардида, Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои муҳим ноил мегарданд. Дар миёни аксари вазоратҳои ду кишвар робитаҳо беш аз пеш тавсеа меёбанд. Агар ба мисоли мушаххас рӯй оварем, вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорати таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тавофуқ расиданд, ки ҷавонони ду мамлакат дар донишгоҳҳои ҳамдигар бидуни монеа ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Устодони донишгоҳҳо ғайр аз он ки байниҳам табодули таҷриба мекунанд, дар донишгоҳҳои якдигар рафта сабақ медиҳанд,-мегӯяд сфири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.

Ба таъкиди Абдуҷаббор Раҳмонзода дар айни ҳол ҳудуди  се ҳазор нафар ҷавонони ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Онҳо аз тамоми шароити зарурӣ бархурдоранд.  Бино ба гуфтаи сафири тоҷик ин робитаҳо боз ҳам фарохтар мешаванд ва дар оянда кушодани филиалҳои баъзе донишгоҳҳо дар ду кишвар мадди назар мебошад.

– Мо ба президент ва ҳукумати Ӯзбекистон ибрози сипос мекунем, ки барои ҷавонони тоҷиктабори Ӯзбекистон дар як қатор донишгоҳҳову доникадаҳои он факултаҳо ва гурӯҳҳои тоҷикӣ ифтитоҳ ёфтаанд ва ба ин васила ин ҷавонон метавонанд ба забони модарӣ таҳсилоти олии худро идома диҳанд. Умедворем, ки ғайр аз забон ва адабиёти тоҷик ҷавонони тоҷиктабори ӯзбекистонӣ метавонанд аз рӯи фанҳои дигар низ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва эҳтиёҷи мактабҳои тоҷикии кишвари худро нисбат ба кадрҳо коҳиш медиҳанд, – изҳор кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Тавре вай боз тазаккур дод, дар Тоҷикистон ду ҷашнвора ба таври васеъ таҷлил хоҳад шуд. Яке аз ин чорабиниҳо ба580-солагии Алишери Навоӣ ва дигаре  ба 110-солагии нависанда Сотим Улуғзода бахшида хоҳанд шуд.

– Ҷанбаи дигаре, ки таваҷҷӯҳи моро ба худ ҷалб хоҳад кард, фаъолияти Марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бахшҳои вилоятиву ноҳиявии он мебошад. Мо барои ин марказҳо савғотиҳои худро таслим хоҳем кард, ки асосан аз китобҳои дарсиву бадеӣ ташкил ёфтаанд. Зимнан ёдовар мешавам, ки Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони Тоҷикистон бо ба роҳ мондани фаъолиятҳои худ дар ҳифзу тарғиби забон ва суннатҳои ин мардум хеле нақши муҳим мебозад, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Вай афзуд, ки мардуми ӯзбектабори Тоҷикистон аз ҳамаи шароити созгори зиндагии фаровон, кору фаъолият ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ бархурдоранд. Дар Палатаи намояндагони Маҷлиси Олӣ онҳо вакилони худро доранд.  Дар воситаҳои ахбор ва садову симо журналистони зиёди ӯзбектабор низ фаъолият мекунанд, ки ба забони модарии худ матолиб нашру пахш менамоянд.

Дар идомаи суҳбат сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба масъалаи бӯҳрони Афғонистон таваққуф намуд. Вай гуфт, ки вазъият дар минтақаи шисоли Афғонистон мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ сахт нигарон кардааст.

Мо бо Афғонистон марзҳои муштараки тӯлонӣ дорем. Сарвари давлат дар радифи ҳалли масоъили марбут ба мушкилоти дохилии кишвар барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Мо умедворем, ки дар ҳалли бӯҳрони Афғонистон кишварҳои ҳамҷавор ва созмонҳои байналмилалӣ дастаҷамъона ширкат меварзанд, – иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Сафири тоҷик изҳор кард, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 30-умин солгарди иди истиқлолияти худ омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода ин ид барои мардуми ду кишвар иди хеле бошукӯҳ мебошад, зеро маҳз ба туфайли касби истиқлол мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуқуқҳои сиёси, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба даст оварданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь