8-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия, ки аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад, баргузор гардид.

Дар Конфронс ташкилотҳое, ки грантҳояшон дастгирӣ ёфта, амалӣ гардид, натиҷаи корҳояшонро дар шакли презентатсия муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, наворҳои беҳтарине, ки дар доираи лоиҳаҳо таҳия шуда буданд, намоиш дода шуданд. Дар оғози конфронс сафири нави Амрико дар Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер суханронӣ карда, изҳор дошт:

– Бароям боиси хурсандист, ки дар ин ҷо бо шумо дар Конфронси сеюми солонаи барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократия иштирок дорам. Ин барнома барои пешбурди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ тавассути як силсила барномаҳои грантии хурди мақсаднок тарҳрезӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2000 инҷониб барномаи Комиссияи рушди демократия дар Тоҷикистон беш аз 475 грант ба маблағи 8 миллион доллар ҷудо кардааст.

Ҳар сол ба воситаи ин грантҳо садҳо нафар таълиму ёрии мустақим мегиранд. Лоиҳаҳо ҳуқуқҳои гуруҳҳои дар канормондаро дастгирӣ намуда, ба занон дар омӯхтани малакаҳои нави корӣ, ба журналистони навкор барои рӯзноманигорони касбӣ шудан ва ба ҷомеа барои мубориза бо идеологияи ифротгароии хушунатомез кӯмак мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь