Соли 2018 дар қаламрави вилояти Хатлон теъдоди банкомат ва пост-терминалҳо 43 адад афзуда, шумораи умумии онҳо то охири сол ба 582 адад расид. Шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ то ибтидои соли ҷорӣ 482 ҳазору 508 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018-ум 31 ҳазору 74 нафар афзоиш ёфтааст.
Алиҷон Салимов, сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бақияи қарзҳои низоми бонкии вилоят дар соли 2018-ум 9937 миллион сомониро ташкил дод. Аз он 84,2 фоиз қарзҳои пули миллӣ ва 15,8 фоиз қарзҳоро асъори хориҷӣ ташкил намуданд.
Дар соли 2018 ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ аз тамоми манбаъҳо ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1 миллиарду 146,4 миллион сомонӣ ҳисоб шуд, ки нисбати соли 2017-ум ба 215 миллион сомонӣ ё 23,1 фоиз зиёда мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 28,56 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 17,38 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар соҳаи кишоварзӣ 50,5 миллион сомонӣ, соҳаи савдо ва тиҷорат 25,2 миллион сомонӣ, соҳаҳои саноат, нақлиёт, сохтмон дар маҷмӯъ 550,5 миллион сомониро ташкил доданд. Қарзҳои хурди додашуда дар соли 2018 дар муқоиса нисбати соли 2017-ум бо андозаи 235,7 миллион сомонӣ ё 29,6 фоиз афзуда, ба 1 миллиарду 032,6 миллион сомонӣ баробар шуд.
– Новобаста ба буҳрони ҷаҳонӣ фаъолияти низоми бонкӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ мегардад, ки ин натиҷаи пайгирӣ ва амалигардонии барномаи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар минтақаҳо мебошад, – гуфт Алиҷон Салимов.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Сафи истифодабарандагони кортҳои плостикӣ афзудааст
Блоки рекламавӣ