Як ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири ин ниҳод Раҳимзода Рамазон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кардаанд.
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз, 31-уми май, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.
Дар рафти сафари корӣ вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ, дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ қарор аст, як қатор санадҳои дахлдор ба имзо расонида шаванд.
Блоки рекламавӣ