Имрӯз, 2-юми июни соли 2021, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Исломобод, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон, сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар дод.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон пешвоз гирифтанд.

Барои пазироии меҳмон фурудгоҳи Исломобод бо аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь