Имрӯз, 29-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон рафт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти роҳбари давалт.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири кору фаъолияти кормандон дар он шинос шуд. Иншоот дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Сипас, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро, кибо харҷи беш аз 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст, ба истифода дод.
Дар идома дар шаҳраки Обикиик бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи зебою замонавӣ ва харҷи беш аз 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ сохта шудааст бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон идома дорад.