Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор доранд, баъди анҷоми сафари корӣ  дар ноҳияи Фархор ба шаҳри Кӯлоб рафтанд.

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

Ҳамчунин 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст. Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин шуданд.

Дар идомаи сафари кории худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд. Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фариддун” ба иҷро расонида шудааст.  Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд. Дар Маркази Беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамчунин  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво, бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрокворӣ мавҷуд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь