Имрӯз Роҳбари давлат зимни сафари кории худ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор дар ифтитоҳи як қатор  иншоот иштирок карда, бо ятимони кулл мулоқот карданд.

19-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин  дар ноҳияи Фархор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. «Маркази тиббии Саломат» бо мақсади расонидани кумаки ташхисию табобатӣ ба сокинон бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиза Умарова бунёд гардидааст.

Сохтмони бинои маркази тиббӣ соли 2021 оғоз гардида, он аз 3-ошёна ва таҳхона иборат аст. Барои фаъолияти пурсамари «Маркази тиббии Саломат» ба арзиши умумии 10 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Тавре ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ дода шуд, баъди ба истифода додани маркази саломатӣ 30 мутахссиси соҳа ба кор ҷалб гардида ба 30 ҳазор аҳолии атроф хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок карданд. Бинои қасри фарҳанг 3-ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 га. бунёд мегардад. Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии он аз ҷониби мутахасисони ҶСК “САНИИОСП” анҷом дода мешавад.

Пешвои миллат баъди ифтитоҳи ҶДММ “Маркази ташхисиву табобатии Ориёно” дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор бо 100 ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳо бо ятимон мулоқот анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо шинос мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь