14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант нахуст бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлонро ба истифода дода, бо имконоти муосири донишомӯзӣ дар он шинос шуданд.

Бинои нави филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,55 гектар сохта шудааст.

Бунёди иншооти нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат мебошад.

Бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқотии иқтисоди “сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосибот мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь