Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт ва дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок кард. Сардори давлат дар ин сафар бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳад.

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Ӯ дар деҳоти Хистеварзи ин ноҳия нахуст ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии “Ваҳдат”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов бунёд гардидаааст, оғози расмӣ бахшид.

Сипас, бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файз” анҷом додааст.

Дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Сипас, Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов бунёд гардида, аз чор ошёна иборат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Абдуғаффор Ҷабборов”-и деҳоти Хистеварз шинос шуд.

Сипас, фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чӯҷаи Байзо” ифтитоҳ гардид. Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Баъд ин Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал дидан кард.

Дар ин ҷо деҳқонони меҳнатқарини вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, ба монанди «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Рӯҳи ҷавони сурх», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Учмаи сафед», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Сафаи кории Эмомалӣ Раҳмон дар ин вилоят идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь