16-уми апрел дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши намоишномаи “Садои Қу”-и ҳунармандони Театри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова баргузор гардид. Дар намоиш се ҳунарманди ҷавони театр Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов ва Ғайрат Қодиров  нақш офариданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз 12-апрели соли равон намоишномаи “Садои Қу” дар Фестивали байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба номи “Орзу” дар шаҳри Лондон дар таҳияи коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ ба таври онлайн намоиш дода шуд.

Намоиши мазкур аз рӯи асарҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди А.П.Чехов, Ю.Шекспир, А.Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯи саҳна омадааст. То ин муддат ҳунармандон се намоиши дигарро бо номҳои “Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” ва “Қобил” таҳия намуда буданд. Ба таври онлайн таҳия кардани намоиш дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав мебошад.

Баъд аз анҷоми намоиш андешаи чанде аз тамошобинонро дар мавриди “Садои Қу” пурсон шудем, ки онро манзури хонандагони арҷманд мегардонем:

Фурқати Низом, журналист:

– Намоишнома бештар ҷанбаи фалсафӣ дошт, аммо парешон буд. Бартарияташ дар он буд, ки бачаҳо хеле хуб нақш офариданд, меҳнаташон зиёд дида мешуд ва самимӣ буд. Ороиши саҳна, чароғ ва мусиқӣ олӣ буд. Ростӣ, дар ин жанр аввалин маротиба намоиш тамошо мекунам ва шояд мушкил дар ман аст, ки мақсади коргардонро нафаҳмидам.

Қисмати аввали намошнома, ки баъдан бо як сужаи номуваффақ ба анҷом расид, бароям писанд омад. Метавон барои заҳмату талошҳои бачаҳо аҳсант хонд.

Фурқат Саид, ҳунарманд:

– Василий мегуфт, ки ҳунар пирӣ надорад ва то поёни умр бояд рӯи саҳна зисту мурд. Чӣ қадар бароям омӯзанда буд, зеро имрӯз ҳунарманд акнун ба қадри ҳунар, нақш ва саҳна мерасад, ки ӯро бознишаста мехонанд. Саҳнаи дигар далолат аз он медод, ки инсон ҳаргиз дар ҷомеа мақому манзалати хешро дарнамеёбад, зеро ба назар чунин мерасад, ки рӯзгори одамӣ доим ҷое камбуду ҷои дигар зиёдатӣ дорад. Сохтани ду дилдодаро болои зонувон ва ба ҳам гуфтани рози ошиқона бо имои дастон дар ин намоиш чизи воқеан ҷадиду диданӣ ва дардноку эҳсосӣ буд. Иваз кардани либосҳо рӯи саҳна ва басту бандҳои аз як намоиш ба намоиши дигар гузаштан хеле ҷолиб буд. Ороиши саҳна ва мусиқӣ бинандаро ба кӯи мурод мебурд.

Абдуллоҳ  Ғурбатӣ,  журналист:

– “Садои Қу” намоиши театрие буд, ки барои фаҳмидани ҳадафи муаллиф ва коргардони он бояд ҳадди ақал бори дуввум ва ҳатто сеюм ба он биравам ва бубинам. Вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ ишора ба камбудӣ доштани намоиш не, балки шояд ҳатто бартарии фарқкунандаи он бошад. Дар ҳамин ҳол ба бачаҳое, ки дирӯз дар саҳна зиндагӣ карданду дар воқеъ тавонистанд ба эҳсоси мо “бозӣ кунанд” бояд таҳсин гӯем.

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпеша:

– “Садои Қу” чӣ садои дардноку ба дили мо ҳунармандон наздик. Аҷабо, кайҳо боз ман ин қадар бо диққату бо мантиқ ин гуна намоиш тамошо накарда будам. Фарҳод, Ғайрат ва Фаррух сипос ба шумо азизонам. Муваффақу сарбаланд бошед!

Далери Эмомалӣ, журналист:

– Барои ман “Садои Қу” ин садои кулли мардуми эҷодкор ва аҳли театре буд, ки садсолаҳо боз дар тинатшон нуҳуфта буд ва намебароварданд. Қу дар тамоми умраш як бор нола мебарорад ва мо имрӯз  ин садоро шунидем аз садои тамоми ҳунармандон. “Садои Қу” садои тамоми ҳунармандони ҷавони насли ману мо аст, ки барвақт пир шудаем, кайҳо. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти инқисодӣ, иҷтимоии рӯзгор, беқадрии фарҳанг мо ҷавонои театриву синамоиро пир кард ва ин садои тамоми ҳунармандони ҷавонпир шудааст. “Садои Қу” ин як эътирози хомушона, бофарҳангона ва боҳунаронаи  бачаҳои театри Конибодом буд, ки набояд театр, ҳунарманд, зиёӣ, як инсон дар ҷамъ то ин ҳад хору нотавону беқадр бошад.

Зайнаб Юсуфҷон, журналист:

– “Садои Қу” садое буд, ки ҳамагиро ба ҳам овард. “Садои Қу” аз ин ҷову он ҷо садо дод. “Садои Қу” садое аз дили тамошобин буд. Дирӯз тавонистанд ҳунарпешаҳои ҷавони театри шаҳри Конибодом тамошобинонро  бо ҳам биёранд. Агарчи ин намоишномаро дар “Facebook” борҳо бо аксҳояшон медидем, ки онлайнӣ бачаҳо тамрин кардаву пешкаши ҳаводорони хеш гардониданд ва дар шаҳри Душанбе офлайн пешкаши тамошобинон гардониданд. Фарҳоду Фарруху Ғайрат ҷавононе буданд, ки дар онҳо ояндаи дурахшони  ҳунармандиро хоҳӣ дид. Ба ҳунари ин ҷавонони ояндасози миллат ҳазору як бор каф мекӯбам!

Наргис Рахматшоева, журналист:

– Як навоварӣ дар басаҳнагузории намоишномаи театриро дидам. Ба ҳам овардани чанд шоҳкории адабиёти классики ҷаҳонӣ дар як намоишнома басо масъулият ва заҳматталаб аст, ки маҳорати коргардонии волои  касбӣ ва маҳорати  олии актёриро мехоҳад. Дар ин намоишнома санъатҳои қадими театрро дар жанрҳои моролитеи аврупоии асри 15-16, сотии франсузӣ, феерияи италяниро дидам. Он, ки театри шаҳрӣ ғайрат карда, чунин намоишномаи пурпечутоберо, ки пайдарҳами воқеаву ҳодисаҳои чанд асарро дар як риштаи саҳнавӣ дуруст ва бамавқеъ гузаронидааст, шоистаи аҳсантҳост.

Тоҳир Назар, ҳунарманд:

– Дар намоишномаи “Садои Қу” дилсӯзӣ ба ҳунар дидам, ишқ дар чашм дидам, самимият дар роҳи пешакарда дидам. Муҳимтар аз ҳама, дар ин фазои сардии ҳунари театрӣ як гармие буд, ки расанда аз диле то бар диле, аз чашме то бар чашме ва аз забоне то бар забоне. Офарин ба бачаҳои қурбоншудаи ҳунари театрӣ!

Аминҷон Раҳматзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь