Оҳангсози шинохтаи тоҷик, муаллифи оҳангҳои маъруфи эстрадаи муосири Тоҷикистон Диловари Зуҳуриёни 46-сола бар асари як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Садама як рӯз пас аз тӯйи домодияш, шаби гузашта, дар роҳи шаҳри Ваҳдат рух додааст. Шоҳидони ҳол ба расонаҳо гуфтанд, ки мошини Диловари Зуҳуриён ба нақлиёти боркаш бархӯрдааст. Марҳум фавран ба бемористони шаҳри Ваҳдат расонида шудааст, аммо бар асари ҷароҳатҳо ва талаф додани хуни зиёд ба табибон наҷот додани ҷонаш муяссар нашудааст.

То ҳол маълум нест, ки садамаи маргбор бо айби кадоме аз ронандаҳо ба вуқуъ пайвастааст. ВКД расман онро шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки марҳум Зуҳуриён муаллифи оҳангҳои маъруфест, ки аз ҷониби овозхонони машҳур, аз қабили Манижа Давлатова, Садриддин Наҷмиддин, Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё суруда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь