Субҳи барвақти рӯзи 1-уми май, тақрибан соати 5 дар километри 145-уми Роҳи “Душанбе-Чанок”, дар ағбаи Шаҳристон мошини “Starex” ба ҷаррӣ фурӯ рафта, 6 нафар сокини деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ки 4 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ва як нафар зан дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ интиқол дода шудаанд. Дар натиҷаи ин садамаи мудҳиш ронандаи мошин Аслонов Сипеҳр Абулфатоҳович, мусофирон Ҳақбердиева Майгуна Султомуродовна, Каримов Абдуманноф Абдулмаҷидович, Каримов Карим Камолович, Раҳматов Болтубой Бегмуродович, Муҳаммадиев Идибой Тиллоевич дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошин аз баландии 200 метр сарозер шудааст.
Блоки рекламавӣ