Бар асари садамаи нақлётӣ дар роҳи Бохтар – Данғара 1нафар ба ҳалокат расида, 4  нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба иттилои масъулини Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии  РВКД дар вилояти Хатлон бо сабаби беэҳтиётии ронанда  9-уми октябри соли 2022, тахминан соати 14:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сайдалиев Аҳмад Сайдалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.

–  Дар натиҷаи ин садама  ронанда Сайдалиев А.С ва мусофиронаш Назриева Ашурмоҳ Худойназаровна, соли таваллудаш 1982, Назриева Рисола Зайниддиновна, соли таваллудаш 1981 ва ноболиғ Назриев Зайниддин Айниддинович, соли таваллудаш 2018, сокинони ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Давлатов Диловар Давлаталиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мавлуда Гулова,

Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь