Дар як садамаи нақлиётӣ дар нақби Шаҳристон, ки аз беэҳтиётии ронандаҳо ба амал омадааст, ду нафар ҳалок ва се нафар захмӣ шудаанд.

6-уми декабри соли 2017, тахминан соати 17:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Умаров Шамсималик Алламаликович, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, дар дохили нақби Шаҳристон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Дулан», таҳти идораи ронанда, Хуҷанапасов Давлат Комилович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Латифова Холбибӣ, соли таваллудаш 1949 ва Муҳаммадиев Бурҳон Кулович, соли таваллудаш 1982, сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Умаров Ш. ва мусофирони дигараш Муҳаммадиев Мавлон Кулович, соли таваллудаш 1960 ва ноболиғ Меҳрнигори Мавлон, соли таваллудаш 2011, сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь