Рӯзҳои истироҳат дар ҳудуди кишвар чанд садамаи роҳй нақлиёт ба вуҷуд омадааст, ки боиси захмӣ ва ба ҳалоакат расидани пиёдагардон, мусофирон ва ронандагон шудаанд.

6-уми октябри соли 2018, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Назаралӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Назаров Комрон Исмоилович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, рақами транзитиаш В 15-00 Н/07, Муродов Абдуғаффор Наврӯзович, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-312Д”, таҳти идораи ронанда, Қаюмов Қобилҷон Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Бобоҷ Ғафуров, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” ва мусофираш Мусоев Тоҷиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1980, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Нозимов Шукрулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, Сафаров Аброрхӯҷа Имронхӯҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор ва хурдсол, Мусоев Мустафо Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини пойтахт, ҳамчунин ронандаи автомашани тамғаи “Мерседес-Бенс 312Д” ва мусофири ӯ Холиқов Икром Абдуғаниевич, соли таваллудаш 2000, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.

Ба ин монанд, 6-уми октябри соли равон, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу Лабо”, Рофиев Раҳмонҷон Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғафуров Орифбой Ғафурович, соли таваллудаш 1940, сокини ин ноҳия зер кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь