Дар роҳи ПанҷакентАйнӣ пас аз зуҳри 30-юми январ садамаи маргбори нақлиётӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс” Раззоқов Фарҳод Абдурауфовичи 38-сола, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи дашти Сиёвардаи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Раззоқов Фарҳод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофири автомашина Насруллоев Меҳриддин Тошмуродович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, афзудааст манбаъ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь