Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе факултетҳои журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро бо дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ таъмин кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати маориф хабар медиҳад.

Насим Абдулмуминзода, муовини ректори ДМ,Т дар расми қабули таҷҳизот гуфт, чунин ҳамкориҳо баҳри дар миқёси байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардидани таҳсилоти олии Тоҷикистон хидмат хоҳанд кард.

Ҳамзамон Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултети журналистикаи ДМТ, изҳор дошт, дар доираи ин аз ҷониби мутахассисони соҳа таҷдиду такмили барномаҳои омӯзишӣ ва нақшаҳои таълимии таҳсилоти олии журналистӣ пешбинӣ шуда ва силсилаи китобу дастурҳои таълимӣ низ дар назар аст.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯёни ҳарду донишгоҳ тренинги дурӯзаро бо Маъруфҷон Оқилов гузарониданд.

Дастгоҳҳо дар доираи Лоиҳаи “Вусъатбахшии иқтидори ВАО ва баланд бурдани стандартҳои журналистӣ” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф дар Тоҷикистон супорида шуд. Ин Лоиҳаи байналмилалӣ барои расонидани кумакҳои техникӣ ва омӯзишии таҳсилоти олӣ дар фазои умумиаврупоӣ равона шудааст.

М. Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь