Моҳи августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-зафира”, рақами қайди давлатиаш 98 05 КК 02 боздошт шудааст.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 25 зарфи пластмасии ғунҷоишашон 20 литр, дар маҷмуъ 500 литр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шудааст, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Б.Н., истиқоматкунандаи шаҳри Истравшан, ҷамоати деҳоти Зарҳалол тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шаҳрванди ба ӯ ношиноси Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст, харидааст. Ҳамин тариқ ӯ мехост воситаи нақлиётро бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба шаҳри Истравшан интиқол диҳад.

Шаҳрванд Б.Н. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь