Танҳо бо воксинкуниҳо бо коронавирус мубориза бурдан кифоя нест, гуфтааст раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адан Гебрейесус дар Твиттер.

“Аз оғози ҷаҳонгир шудани COVID-19 мо медонистем, ки барои назорати он воксин лозим аст, аммо бояд қайд кард, ки воксин дигар роҳҳои мавҷударо пурра мекунад, на иваз”, – гуфт ӯ. – Худ ба худ воксин ин сироятро хотима нахоҳад дод”.

Барои мубориза бо паҳншавии коронавирус бояд чораҳои дигар андешида шаванд. Инҳо озмоиши тестӣ, ҷудо кардани онҳое, ки бо сироятёфта тамос гирифтаанд, инчунин, огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи хатари COVID-19 ҳастанд.

Гебрейесус хотиррасон кардааст, ки гуруҳҳои аввали воксинҳо алайҳи коронавирус зиёд нахоҳанд буд. Аввалин шуда ин доруҳоро табибон, пиронсолон ва одамони шомил ба гуруҳҳои хавф мегиранд.

Воксинҳои коронавирусӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Чин, Фаронса, Бритониё ва дигар кишварҳо таҳия мешаванд. Русия ду воксини зидди COVID-19 – ” Гам-Ковид-Вак” (номи тиҷориаш “Sputnik V”), ки онро Маркази маскавии Гамалеи ва Вазорати мудофиа, инчунин ,” ЭпиВакКорону”-и Маркази илмии “Вектор”-и Новосибирск таҳия кардаанд, сабти ном кард.

Рӯзи 16 ноябр, ширкати амрикоии Moderna низ самаранокии воксинаашро тақрибан 95% арзёбӣ кард. Дар он гуфта мешавад, ки аз 30 ҳазор ихтиёрие, ки дар озмоишҳои ин воксин иштирок кардаанд, панҷ нафарашон аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь