– Соли дуюми коронавирус аз соли аввал ҳам шояд вазнинтар ояд, – гуфтааст директори барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) оид ба ҳолатҳои фавқулодда Майкл Райан. Шарҳи ӯ дар саҳифаи твиттерии ин созмон омадааст, хабар медиҳад “РБК”.
“Мо ба соли дигар бо ҳамагирии коронавирус мегузарем, ки шояд боз ҳам душвортар ояд. Рафти паҳншавӣ ва баъзе мушкилотеро, ки мо мушоҳида мекунем, метавон далели ин ҳисобид”, – гуфтааст Райан.
Вай таъкид кардааст, ки дар нимкураи шимолӣ, алалхусус дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ коршиносон тӯфони мавсимии сардӣ, ворид шудани мардум ба биноҳо, нофаҳмиҳои иҷтимоиро мушоҳида кардаанд.
– Ин ва дигар далелҳо ба ин фикр оварданд, ки дар бештари кишварҳо аз одам ба одам гузаштани коронавирус дар авҷ аст, – боварӣ дорад директори барномаи СҶТ.
Қаблан, рӯзи сешанбе, СҶТ хабар дода буд, ки сироятёфтагони ҳафтаина аз COVID-19 рекорди баландро аз оғози ҳамагир шудани вирус нишон додааст, ки он +5 миллион нафар буд. Тибқи иттилои созмон, бештар нишондодҳо дар Шимол ва Ҷануби Амрико боло рафтаанд.
Ҳодисаҳои сироятёбӣ, ки дар Амрико ба қайд гирифта шудаанд, 51%-ро ташкил медиҳанд. Ҳодисаҳои фавт бошад, дар ҳафта 45%-ро дар бар мегиранд.
Бино ба маълумоти СҶТ, дар ҷаҳон зиёда аз 90,33 млн нафар ба вируси мазкур гирифтор шудаанд. Адади фавтидагон қариб ба ду миллион расидааст, ки 1,95 млн нафар гуфта мешавад.
– Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон шумораи умумии сироятёфтагон аз оғози беморӣ 13 308 нафаранд ва шумораи табобатшудагон 13 218 нафар мебошанд, – хабар медиҳад вебгоҳи сovid.tj. Нишондиҳандаи фавтидагон то ҳол бетағйир мондааст. Аз оғози беморӣ дар Тоҷикистон 90 нафар аз он фавтидаанд.