Ба ҷаҳони имрӯзӣ ҳанӯз муяссар нашудааст, ки COVID-19-ро пурра назорат кунад, бар замми ин аз манотиқи мухталифи ҷаҳон гузоришҳои нигаронкунанда дар бораи хуруҷи бемориҳои дигари хатарнок ба даст меоянд.

Яке аз ин бемориҳои “бозгашт” вабо мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти СММ.

Директори генералии Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Гебрейюс дар як нишасти хабарӣ дар Женева гуфт: “Пас аз солҳои коҳиши бемории вабо, мо ҳоло шоҳиди афзоиши хуруҷи бемории вабо дар саросари ҷаҳон ҳастем”.

Ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, 27 кишвари ҷаҳон аз хуруҷи бемории вабо гузориш додаанд. На фақат шумораи он зиёд, балки теъдоди фавт низ афзудааст. Маълумоте, ки дар ихтиёри созмон мавҷуд аст, маҳдуд аст, аммо ҳатто онҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи фавт дар ин сол ба ҳисоби миёна тақрибан се маротиба дар панҷ соли охир афзудааст.

Танҳо дар давоми якуним моҳи охир дар Сурия беш аз 10 000 мавриди гумонбар ба бемории вабо ба қайд гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь