Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ рӯзи Иди Қурбонро муайян кард.

Дар ҷаласаи Шӯро раиси он Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт, ки тибқи маълумоти илмӣ ва бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Қурбон дар ҷумҳурӣ ба рӯзи 9-уми июл рост меояд.

Ӯ аъзои Шӯроро бо фарорасии Иди Қурбон, ки 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад, табрик гуфт.

Дар робита ба ин Шӯрои уламо тасмим гирифт, ки Иди Қурбон дар саросари Тоҷикистон рӯзи шанбеи 9-уми июл таҷлил шавад. Намози ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 6:00 оғоз мешавад.

Тибқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар рӯзи истироҳати расмӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи кории оянда низ рӯзи ғайрикорӣ хоҳад буд. Ҳамин тавр, агар Иди Қурбон ба рузи шанбе рост ояд, маълум мешавад, ки рӯзҳои 9, 10 ва 11 июл дар кишвар рузҳои истироҳат хоҳанд буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь