Дирӯз дар ноҳияи Шаҳритус бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур субҳи барвақт дар боғи “Тус” бо бозиҳои варзишии шавқовар, ба монанди футболи инклюзивӣ, мусобиқаҳои шоҳмот, шашка  ва тенниси рӯи миз оғоз гардид.  Дар чорабинӣ ғайр аз сокинон ва ҷавонони ноҳияи Шаҳритус, аз ҷумла маъюбон, ҳамчунин ҷавонони фаъоли лоиҳаи «Фарогир» аз шаҳри Конибодом низ даъват шуда буданд.

Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор бо сухани ифтитоҳӣ дар назди меҳмонон ва ширкаткунандагон чорабинӣ дар қасри фарҳанги ноҳия баромад кард. Дар умум, ӯ оид ба имкониятҳои ҷавонон, ки аз ҷониби ҳукумат ва ташкилотҳо дастрас ҳастанд таъкид намуд ва ба тамоми ҷавонони ноҳия, ки дар рӯ ба рӯи мушкилиҳо бознаистода, барои фатҳи қуллаҳои баландтар қадам мезананд, изҳори сипос кард.

Чорабинӣ дар боғ барои зиёда аз 400 ҷавон дар шакли консертӣ-маърифатӣ, аз ҷумла консерт, викторинаҳо, намоиши театрӣ дар мавзӯи “Интихоби ман” давом дода шуд, ки пас аз намоиш баҳс дар ин мавзӯъ фаъолона сурат гирифт. Дар хотима филм оид ба мушкилиҳои иҷтимоӣ, ки дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳия шуда буд, намоиш дода шуд.

Чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ҳеҷ кас дар канор намемонад (Фарогир): Васеъгардонии фарогир ва устувори дастрасӣ ва имкониятҳои ҷавонон тавассути идоракунии электронӣ ва фароҳамсозии шароитҳо» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон гузаронида шуд.

Ҳадафи лоиҳа барои мусоидат ба беҳтар кардани иштироки васеъ, ҳисоботдиҳӣ, сиёсатгузории фарогир ва имкониятҳои ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ барои ҷавонон, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Шаҳритус ва шаҳри Конибодом равона карда шудааст. Бо мақсади рушди нерӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Каритас Олмон лоиҳаро дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон» ва «Шифо» амалӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь