29-уми сентябр дар чаҳорчӯби Фестивали сенздаҳуми байналмилалии синамои Тошканд Театри опера ва балети ба номи Алишери Навоӣ мизбонии маросими ифтитоҳи “Рӯзҳои синамои Тоҷикистон”-ро бар ӯҳда дошт. Дар пешрирӯи бинои театр парчамҳои давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон парафшонӣ мекарданд.

Аз тарафи шом ба ин ҷо якҷо бо синамогарони тоҷик ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, меҳмонону мухлисони зиёд гирдиҳам омаданд. Онҳо бо садои карнаю сурнай ва таблу доира хеле бошукӯҳ истиқбол гирифта шуданд.

Маросимро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ба гуфтаи ӯ имрӯзҳо пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки шаҳри Тошканд дар минтақаи Осиёи Марказӣ маркази баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад.

– Ин фестивали синамо барои мустаҳкам шудани дӯстии байни кишварҳои мо имкониятҳои нав фароҳзам меоварад ва дар ривоҷи кинематографияи минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд. Ӯзбекистону Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Хурсандибахш аст, ки анъанаҳои суннатии мо тавассути унин чорабиниҳо боз ҳам бештар доман фарох менамоянд, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ба таъкиди сафири тоҷик мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ ба дӯстиву рафоқати миёни мардуми тоҷику ӯзбек асос гузоштаанд. Эҷодиёти онҳо ба тарбияи сифатҳои беҳтарини инсонӣ нигаронида шудаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода тазаккур дод, ки пешвоёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дастур доданд, ки доир ба ин ду аллома ва муносибатҳои дӯстонаи онҳо филми ҳунарии таърихӣ ба навор бардоранд.

– Мо бовар дорем, ки дар ояндаи наздик доир ба фаъолияти ин ду шахсияти бузург филми ҳунарӣ арзи вуҷуд менамояд ва саҳифаҳои наверо дар китоби дӯстиву бародарии байни тоҷикону ӯзбекон ва ду кишвар боз мекунад. Сарварони ду кишвар талош ба харҷ медиҳанд, ки синамоҳои миллии мо рушд намоянд, дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб гарданд ва хотираи он асрҳо ҳифз шавад, – изҳор кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Вай ёдовар шуд, ки чанду муқаддам дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид. Мардуми тоҷик бо иштиёқи том филмҳои синамогарони ин кишварро тамошо карданду завқ бурданд ва ба он баҳои баланд доданд. Пештар аз он рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон шуда гузашт. Дар чаҳорчӯби он филми мустанади коргардони ӯзбек Ҷасур Исҳоқов “Зери як осмон” намоиш дода шуд.

-Гузашта аз ин, дар шаҳрҳои Тошканду Душанбе дар як замон намоишгоҳи дастовардҳои рассомон дар солҳои истиқлолият роҳандозӣ гардиданд, инчунин маҳсули саноати синамои ду кишвар ба намоиш гузошта шуданд. Ин сатҳои адиби барҷастаи ӯзбекро  ин ҷо овардан хеле бамаврид аст:

Дӯсту қардошдир азалдан ӯзбегим тоҷиб билан,

Иккиси бир байт ғазалдан ӯзбегим тоҷиб билан, – ба суханаш хотима дод Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ҷонишини якуми директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Шӯҳратилло Ризоев дар ин маросим иброз дошт, ки ба фестивали синамои Тошканд аз лиҳози теъдоди меҳмонони кишварҳои минтақа аз ҳама бештар синамогарони Тоҷикистон даъват шудаанд.

-Ин бесабаб нест. Мо бо синамогарони тоҷик татбиқи нақшаҳои бузургро дар оянда барномарезӣ кардаем. Ба наздикӣ аз ду кишвар як гурӯҳи калони мутахассисон, олимон ва адибони маъруф гирдиҳам омадем ва масъалаи муҳими ҳамкориҳо дар бобати ба навор бардоштани филми Ҷомӣ ва Навоиро баррасӣ кардем,-гуфт Шӯҳратилло Ризоев.

Вай афзуд, ки ба воситаи ин фестивали синамо тамошобинони зиёди ӯзбек имкон пайдо намудаанд, ки бо филмҳои коргардонҳои тоҷик аз наздик ошно шаванд. Ба таъкиди Шӯҳратилло Ризоев дар Тоҷикистони ҳамҷавор саноати синамогарӣ беш аз пеш ривоҷ меёбад ва филмҳои беҳтарини ҳунарӣ офарида мешаванд. Ин падидаи хеле хушҳолкунанда мебошад.

-Борис Кимёгаров аз шӯҳратмандтарини синамогарон муаррифӣ шудааст ва ба ҳайси асосгузори синамои ду кишвар шинохта шудааст. Мехоҳам ифтитоҳи рӯзҳои синамои тоҷик дар Тошкандро саҳифаи дурахшон дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар-Ӯзбекистон ва Тоҷикистон арзёбӣ кунам,-зикр намуд Шӯҳратилло Ризоев.

Ҳунарпешаи мумтоз Сайрам Исоева, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Мадмадсаид Шоҳиён зимни суханронӣ аз он ибрози хушҳолӣ намуданд, ки фестивали синамои Тошканд дубора эҳё гардид ва намояндагони синаморо аз чаҳор тарафи олам дубора баҳам овард.

-Ман ба ин ҷо сари таъзим фуруд меорам. Ин ҷо театр, ин ҷо маъбад барои ҳунармандон аст. Ҳоло ба ин ҷо намояндагони барҷастаи ҳунару фарҳанг омадаанд. Ин гирдиҳамоӣ дӯстӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва барои ба дараҷаи баланд бардоштани санъати бузурги тоҷику ӯзбекро тараннум месозад. Барои ба вуҷӯъ пайвастани он пешво1ни ду мамлакат боис гардиданд. Ҳаргиз марзҳои мо баста набуданд, зеро марзи дилҳои мо ба рӯи ҳам кушода буданд. Мо бе ҳамдигар наметавонем ва инро ҳамаи мо кайҳо дарк кардаем. Тоҷик дар “Ӯзбекфилм” ва ӯзбек дар “Тоҷикфилм” нақш мебозад ва ҳарду барои ду халқ хидмат мекунанд,-гуфт Сайрам Исоева.

Тавре ки вай тазаккур дод, фестивали синамои Тошканд тамоми мардумро ба ваҳдат овардааст. Барои ин ба сарварони ду давлат арзи сипос менамояд, зеро маҳз ба туфайли иродаи сиёсии онҳо ҳоло аҳли ҳунар меҳмони ин сарзамини меҳмоннавозу меҳмондӯст ҳастанд.

-Барои истиқболи гарм ба мизбонони фестивал арзи минатдорӣ мекунам. Воқеъан, мо бо ҳайати хеле густарда ба ин ҷо ташриф овардем ва Шӯҳратилло Турсунович хеле дуруст қайд намуданд. Зимни ташриф мо дигаргуниҳои куллиеро дар тамоми ҷанбаҳо дида хушҳол шудем. Ширкат дар маросими ифтитоҳи бошукӯҳи фестивал ва дидру мулоқотҳо бо чеҳраҳои намоян ва ситораҳои дурахшони синамои ҷаҳонӣ хеле фараҳбахш буд,-гуфт Мадмадсаид Шоҳиён.

Вай афзуд, ки муддати дароз беҳамдигар “истироҳат” карданд. Акнун мебояд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи синаморо вусъат бахшанд ва филмҳои беҳтаринро ба тамошобинони ду кишвари дӯсту баробар тақдим намоянд.

Баъди консерти дилангез бо ширкати устодони санъати ду кишвар филми ҳунарии муаллиф Сафар Ҳақдодов ва коргардон Носир Саидов – “Омӯзгор” намоиш дода шуд. Онро тамошобинон хеле хуб пазирфтанд.

-Филм саросар тарбиявист. Барои пешниҳоди чунин филми хуб ба синамогарони тоҷик ибрози сипос мекунам. Воқеъан, филм дилҳои моро тасхир намуд, моро як бори дигар таккон дод. Ба офарандагони ин филм дар оянда муваффақиятҳои бештар орзу мекунам,-гуфт сардабири рӯзномаи “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов.

Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон идома дорад. 30 сентябр-2 октябр дар Театри опера ва балети ба номи Навоӣ филмҳои “Қисмати шоир”, “Рустам ва Сӯҳроб”-и Борис Кимёгаров,  “Рақси ҳаёт”-и Абдукарим Машрабов, “Автобус” ва “Омӯзгор”-и Носир Саидов намоиш дода мешаванд.

1-2 октябр синамогарони тоҷик меҳмони мардуми вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона мешаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь