Аз 13 то 15 декабр дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ пастшавии дамои рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меғ мефарояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии  кишвар.

13-15 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона асосан бебориш дар назар буда, рӯзона борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм шуда, рӯзона аз 2+4 то 7+9 дараҷа  гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ 15 декабр ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

13-15 декабр дар вилояти Суғд  ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар ВМКБ 13-15 декабр ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф мерезад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

13-15 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь