Вазорати мудофиаи Русия дар баёнияе аз бомбборони мавзеъҳои ДИИШ дар шаҳри Абукамоли Сурия бо 6 бомбафкани русӣ хабар дод ва гуфт, ки Америка аз террористон пуштибонӣ мекунад. 

Ин ниҳоди Русия таъкид кард, ки ин бомбафканҳо бо убур аз осмони Ироқ вориди Абукамол шуданд ва онро ҳадаф қарор доданд. Вазорати мудофиаи Русия дар баробари ин Иёлоти муттаҳидаро ба ҳамдастӣ бо террористони «Давлати исломӣ» (ҳаракати мамнӯъ) муттаҳам кард. Бино ба иттилои ин ниҳод қиркунандаҳои ҳавоии Америка дархости ҷониби Русияро барои ҳуҷум ба террористоне, ки ба самти марзи Ироқ фирор мекарданд, рад кардаанд. Америкоиҳо гуфтаанд, ки ин террористон таслим шудаанд ва дар ойини мардуми Америка чунин нест, ки асиронро мавриди ҳамла қарор диҳанд.

Артиши Сурия ва неруҳои меҳвари муқовимат ҳафтаи гузашта муваффақ шуда буданд шаҳри Абукамол, охирин такягоҳи ДИИШ дар Сурияро ба таври комил озод кунанд.

Абукамол дар соҳили рӯди Фурот ва дар наздикии марзи муштараки Ироқ ва Сурия қарор дорад. Ин шаҳр аз охирин шаҳрҳое аст, ки ДИИШ дар он ҳузур дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь