Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфт, тартиби нави санҷиши дониши кӯдакони муҳоҷир аз забони русӣ, ки аз 1-уми апрел оғоз мешавад, 90% ҷавоби дуруст ба саволҳои шомилшавӣ ба мактабро талаб мекунад.
Барои дохилшавӣ ба синфи 1 шумо бояд аз 10 суол ба 9; барои синфҳои 2-5 аз 20 суол ба 18; барои синфҳои 6-9 аз 22 суол ба 20; барои синфҳои 10-11 аз 24 савол 22-тои он бояд ҷавоби дуруст диҳед. Пештар пешниҳоди Рособрнадзор дар бораи ҳадди ақали муваффақияти 30-дарсадӣ баррасӣ шуда буд, аммо ин талабот аз нав дида баромада шуд. Акнун кӯдакон бояд ҳадди аққал 90 дарсад ҷавобҳои дуруст гиранд.
Володин қайд кард, ки Думаи давлатӣ ин масъаларо зери назорат мегирад, ҳамчунин паҳлуҳои қонунии ин амр ва фирку мулоҳизаҳои минтақаҳо ва омӯзгоронро бояд ба инобат гирифт.
Вай ҳамчунин маълумоти ВКД-ро мубодила кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли ҷорӣ дар Русия беш аз 783 ҳазор муҳоҷири ноболиғ умр ба сар мебурдаанд.