Дар Маскав сардори нерӯҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ генерал-лейтенант Игор Криллов бар асари як таркиш, ки гуфта мешавад амали террористист, ба ҳалокат расид.

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар Маскав сардори нерӯҳои дифои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Игор Кириллов ҳангоми таркиши маводи тарканда, ки дар дастаи скутер насб шуда буд, дар наздикии даромадгоҳи хонааш кушта шуд. Ба ғайр аз Кириллов ёвари ӯ ҳам ҳалок шудааст, аммо ронанда ҷон ба саломат бурдааст, зеро дар вақти таркиш дар дохили мошин будааст.

Ба гуфтаи SHOT, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки аз ошёнаҳои якум то сеюм шиша шикаста, рӯйпӯши хона кафида ва се мошин аз таркиш осеб дидаанд.

Bloomberg менависад, ҷониби Русия ин амалро террористӣ унвон карда, кори дасти хадамоти махсуси Укроин гуфт, аммо Укроин инро рад ва даст надоштанаш дар ин амалро таъйид кард.

Воқеан, як рӯз пеш Укроин Игор Крилловро ғоибона гумонбар дар парвандаи ҷиноӣ эълон кард. Ба гуфтаи хадамоти махсуси Укоин, генерал барои “истифодаи оммавӣ”-и силоҳи кимиёвии мамнуъ “дар ҷабҳаҳои шарқӣ ва ҷанубии Украина” масъул аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь