Хайати вакилони конгресси ИМА ба Тайван омада, нишон дод, ки Вашингтон аз ухдадории худ дар бобати дастгирӣ кардани ҷазира даст намекашад.

Сабаби ин сафарро раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ зимни мулоқот бо раиси дастгоҳи Тайван Тсай Ингвен ошкор кардааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TTV.

“Имрӯз ҳайати мо, ки ман аз он хеле ифтихор дорам, ба Тайван омад, то возеҳ бигӯяд, ки мо аз уҳдадориҳои худ ба Тайван даст нахоҳем бардошт ва аз дӯстии худ, ки аз озмоиши замон гузаштааст, ифтихор мекунем”, – гуфт Пелосӣ.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ненси Пелосӣ дидор бо сардори ситоди Тайван Тсай Ингвенро субҳи чаҳоршанбеи 3-юми август оғоз кард. Пеш аз оғози суҳбат президенти Тайван Пелосиро бо медали ҳукуматии «Нишони абрҳои баракат» мукофотонид.

Пелосӣ шоми 2-юми август ба Тайбэй омад. Русия сафари Пелосиро як иғвои ошкори ИМА ба Чин арзёбӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки ИМА дар робита ба сафари Пелосӣ ба Тайван бо иқдомоти мутақобилаи ҷиддие рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here