Интихоботи президентӣ дар Русия ба охир расид. Бино ба маълумоти муқаддамотии Комиссияи марказии интихобот, раисиҷумҳури феълӣ Владимир Путин бо касби беш аз 87 дарсади оро пирӯз шудааст.

Иштироки раъйдиҳандагони федералӣ бо назардошти овоздиҳии фосилавӣ аз 74% гузашт. Ин маҳз натиҷаест, ки Кремл ба он ноил шудан мехост.

Хадамоти давлатии ҷомеашиносӣ (ХДҶ) натоиҷи нахустини экзитполлро соати 21:00 ба вақти Маскав нашр кард, ки дар ин соат тамоми қитъаҳои интихоботӣ дар Русия баста шуданд. Ҳама назарсанҷиҳо дар интихобот пирӯзии комили Владимир Путинро нишон доданд, ки барои даври панҷум номзад шудааст.

Тибқи натоиҷи назархоҳии ХДҶ, Владимир Путин 87 дарсади ороро ба даст овардааст. Назарсанҷии Бунёди “Андешаи ҷамъиятӣ” (БАҶ) ба ӯ боз ҳам бештар – 87,8% овозҳоро медиҳад. Дар интихоботи қаблӣ, дар соли 2018 Владимир Путин бо натиҷаи ниҳоии 76,69% ​​пирӯз шуда буд.

Дар натиҷаи интихобот ба номзад аз Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия, вакили 75-сола Николай Харитонов ҷойи дуюм расид. Мувофики маълумоти экзитполли ХДҶ, вай 4,6 дарсади овозҳоро гирифт (БАҶ ба ӯ 4,7 дарсади овозҳоро дод). Дар ҷойи сеюм муовини раиси Дума, номзад аз ҳизби “Одамони нав” Вячеслав Даванков қарор дорад. Тибқи иттилои ХДҶ, ӯ 4,2% овозҳоро гирифтааст. БАҶ ба вай 3,6 дарсади овози шумораи умумии интихобкунандагонро медиҳад. Ниҳоят, дар натиҷаи интихобот ҷойи охиринро раиси Ҳизби либерал-демократ Леонид Слутский гирифт. ХДҶ ба вай 3 дарсади овозҳо, БАҶ 2,5 дарсади овозҳоро мутааллиқ донистааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь