Президенти  Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки ба афроди дорои шаҳрвандии хориҷӣ иҷозаи хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Русияро медиҳад.

Қарори дахлдор рӯзи душанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.

Ҳуҷҷат ба Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ, ки бо фармони президенти Федератсияи Русия аз 16 сентябри соли 1999 № 1237 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид мекунад.

Тибқи тағйироту иловаҳо, хизмати ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон, маллоҳон, сержантҳо, старшинаҳо, ки шаҳрванд ҳастанд, аз ҷумла онҳое, ки шаҳрвандии (тобеият) давлати хориҷӣ ё иҷозатномаи иқомат ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандро ба хизмати доимӣ доранд, бо роҳи даъват анҷом дода мешавад.

Фармон инчунин тартиби адои хизмати ҳарбиро дар замони осоишта аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ, тартиби бастани шартномаи хизмати ҳарбӣ (контракт) ва қатъи онро муайян мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь