Раҳбари ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат” ва вакили Думаи давлатӣ Сергей Миронов пешниҳод кард, ки додани шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муваққатан боздошта шавад.

“Чаро ба меҳмонон аз ҷануб садҳо ҳазор шиноснома медиҳанд? Зиёд кардани анклавҳои этникӣ чӣ лозим аст? Чаро миллиардҳои буҷа барои таъминоти иҷтимоии ин шаҳрвандони нав сарф шавад? Ин ба Русия чӣ фоида дорад», – омадааст дар изҳороти ӯ.

“Русияи одилона – барои ҳақиқат” ҳанӯз дар соли 2022 бо чунин ташаббус баромад карда буд. Ҳамчунин дар изҳороти худ Миронов даромадҳои ғайриқонунии “мафияи мансабдорони фасодкор ва қаллобро” аз қонунигардонии ҳуҷҷатҳои будубоши муҳоҷирон қайд кард.

Дар ҳоли ҳозир вакил пешниҳод кардааст, то соли 2026 судури шиносномаҳои Русия ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ боздошта шавад. «Дар ин муддат метавон танзими қонунгузорӣ, ислоҳоти хадамоти муҳоҷират, поксозии он аз порахурон ва қонунӣ будани шиносномаҳои қаблан додашударо тафтиш кард», – таъкид кард Миронов.

Қаблан комиссияи сиёсати муҳоҷирати ҳукумати Русия пешниҳод карда буд, ки барои муайян кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз соли 2025 феҳристи афроди таҳти назорат роҳандозӣ шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь