Ин дар тағйироте, ки кумитаҳои сохтмон ва қонунгузории Думаи лавлатӣ тасдиқ кардаанд, пешбинӣ шудааст.
Кумитаҳои сохтмон ва қонунгузории Думаи давлатии Русия рӯзи душанбе ислоҳот дар бораи вижагиҳои иҷрои ҷазо дар шакли ихроҷ аз Федератсияи Русияро тасвиб кард, хабар медиҳад Интерфакс.
Тибқи ин тағйирот, судя метавонад бо назардошти муносибат ба пардохти андоз, мавҷудияти манзил, қонунманд будани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, вазъи оилавии ӯ, давомнокии зиндагии ӯ дар ҳудуди Федератсияи Русия, дигар намуди фаъолият ва ҳолатҳо ихроҷро бо ҷарима иваз кунад.
Вайронкунандагони хориҷӣ аз 40 ҳазор то 50 ҳазор рубл ҷарима, ё аз 150 то 200 соат ба кори ҳатмӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Қоидаҳои нав танҳо ба хориҷиёне, ки қаблан аз депортатсия саркашӣ кардаанд, ё барои равобити ғайрианъанавии ҷинсӣ, иваз кардани ҷинс ё таблиғи педофилия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, татбиқ намегардад.
Тибқи ин тағйирот, судя ҳангоми қабули қарор дар бораи татбиқи ҷазои маъмурӣ дар шакли депортатсияи маҷбурӣ ё ихтиёран рафтани шаҳрванди хориҷӣ аз Федератсияи Русия ҳолатҳои дар боло зикршударо ба назар мегирад.
Ҷолиб он аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур соли 2017 дар хониши аввал қабул шуда буд. Аз байн кариб 7 сол гузашт, боз ин масъала мухокима мешавад.