Бар асари сӯхтор дар маркази Маскав 7 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Сӯхтор дар бинои 16-ошёна дар кӯчаи Интернатсионал шоми сешанбе, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари оташзанӣ рух додааст.

Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар биное дар маркази Маскав, ки як меҳмонхона ва пештар як хобгоҳ ҳам доштааст, ба 7 нафар расид ва 11 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти изтирорӣ хабар медиҳад.

“Як ҷабрдида дар бемористон ҷон дод ва шумораи умумии кушташудагон ба 7 нафар расид. Дар байни онҳо ду кӯдак низ ҳастанд. 11 нафар ҷароҳат бардошта, 9 нафари онҳо дар бемористон бистарӣ гардида, ба ду нафар ёрии тиббии амбулаторӣ расонида шуд», – гуфт манбаъ.

Сӯхтор дар бинои 16-ошёна дар кӯчаи Интернатсионал шоми сешанбе, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари оташзанӣ рух додааст. Дар он меҳмонхона аз ошёнаҳои якум то чорум ҷойгир аст. Дар боло – хобгохи собиқ, ки ба фонди манзил дода шудааст. Сӯхтор дар қисмати биное сар зад, ки манзилҳо ҷойгиранд. Сӯхторнишонҳо 50 нафарро наҷот дода, 200 нафарро кӯчонидаанд. Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар робита ба марги одамон дар сӯхтор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь