Коронавирусро дар одамон дар давоми 27 дақиқа муайян кардан мумкин аст.  Чунин дастгоҳро мутахассисони Оҷонсии федеролии тиббиву биологии Русия таҳия кардаанд, менависад ОИР Новости.

Қайд карда мешавад, ки он COVID-19-ро бо дақиқии баланд ҳатто бо ҷараёни беаломатии беморӣ муайян мекунад. Ин усули муайян кардани вирус ба усули амплифатсияи изотермикӣ асос ёфтааст. Ҳангоми такмил, системаи ташхис метавонад антигенҳои дигарро ошкор кунад, қайд мекунанд таҳиягарон.

Инчунин, Оҷонсии федеролии тиббиву биологии Русия доруи коронавируси “МИР-19” -ро офаридааст, ки бо он на танҳо табобат, балки пешгирии сироят пас аз тамос бо бемор имконпазир аст. Амали он ба механизми дахолати кислотаи рибонулейк (РНК) асос ёфтааст. Он аз ду ҷузъ – моддаи фаъоли РНК-и хурди дахолаткунанда ва пептиди интиқолдиҳанда ташкил шудааст. Ҳоло ин мавод мавриди омӯзиш қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь