Ин вилоят аввалин минтақа дар Русия аст, ки ба таври њамеша пӯшидани чунин либосро дар мактабҳо манъ мекунад, навиштааст ОИ «АП».
Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Владимири Русия ба бар кардани “либос ва таркибҳои он, аз ҷумла ҳиҷобу ниқоб ва ғайраро, ки мансубияти динии хонандаро нишон медиҳанд”, манъ кард. “Медуза” менависад, фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 25-уми октябри соли 2024 нашр шуд.
Ба иттилои “Ведомости”, Вазорат дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ин иқдомро чунин шарҳ додааст, ки манъи ҳиҷоб ва ниқоб ба он вобаста аст, ки Русия кишвари дунявӣ буда, «калисо аз давлат, аз ҷумла аз соҳаи маорифи дунявӣ ҷудо шудааст».
Дар охири моҳи майи соли 2024 муовини раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Даванков лоиҳаи қонунеро пешниҳод кард, ки дар он ба муассисаҳои таълимӣ барои манъи пӯшидани либоси динӣ, аз ҷумла либосҳое, ки рӯйро пурра ё қисман мепӯшонанд, ҳақ дода шавад.
Ин пешниҳодро намояндагони ҳукумати Чеченистон танқид карданд. Аз ҷумла, вакили Думаи давлатӣ Адам Делимханов изҳор дошт, ки мақомоти ҷумҳурӣ пӯшидани ниқобро, ки рӯйро комилан мепӯшонад, «маъқул намедонанд», вале ҳиҷоб «уҳдадории динӣ»-и зани мусалмон мебошад. Рамзан Қодиров низ зидди ин иқдом изҳори назар карда буд.