Аз 33 номзаде, ки аҳзоби сиёсӣ ё гуруҳи интихобкунандагон барои ширкат дар интихоботи президентии Федератсияи Русия пешбарӣ кардаанд, ба Комиссияи марказии интихобот 8 нафар ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд. Дар ин бора Николай Булаев, муовини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ, рӯзи 26-уми декабр хабар дод.

Аввали он рӯз Булаев эълон кард, ки 33 нафар нияти ширкат дар интихоботро доранд. Ба ин муносибат анҷумани ҳизбҳо ва ҷаласаи гуруҳҳои интихобкунандагон барпо мегарданд.

25-уми декабр раиси ЛДПР Леонид Слутский барои ширкат дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ба унвони номзад аз ин ҳизб ба Комиссияи марказии интихобот аснод пешниҳод карда буд. 23-юми декабр анҷумани Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия вакил Николай Харитоновро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Онро аз 188 вакил 175 нафар тарафдорӣ карданд.

Рӯзи 18-уми декабр раҳбари Русия Владимир Путин асноди худро ба Комиссияи марказии интихобот барои ширкат дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ба унвони номзади худпешбарӣ пешниҳод кард. Дар анҷумани «Русияи воҳид» дар Маскав ин ҳизб якдилона аз номзадии ӯ пуштибонӣ кард. Аз 500 нафари зарурӣ беш аз 700 нафар ба тарафдории худпешбарии раҳбари феълии Федератсияи Русия расман сабти ном шудаанд.

Комиссияи марказии интихоботӣ давраи серӯзаи овоздиҳиро тасдиқ кард, ки интихобот аз 15 то 17-уми март баргузор мешавад. Ҳамзамон, овоздиҳии электронии фосилавӣ танҳо дар минтақаҳое, ки қаблан санҷида шудааст, яъне на бештар аз 30 субъекти Федератсияи Русия гузаронида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь