– Дар Русия арзиши патентро барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ин кишвар дар соли 2021 фаъолият хоҳанд кард, муайян карданд, – хабар медиҳад migrantmedia.ru.
Ҳамчунин, муҳоҷирони меҳнатие, ки хоҳиши дар Ҳавзаи федералии ҷанубӣ фаъолият карданро доранд, вазифадоранд ба буҷаи вилоят аз 3,4 то 4,26 ҳазор рубл супоранд.
Аз ҳама андози баландтарин дар вилоятҳои Ростов ва Волгоград мебошад. Аз ҳамин сабаб муҳоҷирони меҳнатие, ки дар маконҳои дар боло зикршуда фаъолият хоҳанд кард, бояд 4026 рублро супоранд.
Андози пасттарин дар вилояти Астрахан ба танзим дароварда шудааст. Аз оғози соли нав муҳоҷирон дар вилояти номбурда 3411 рубли русӣ хоҳанд супурд.
Аз фаъолият дар Адигея муҳоҷирон 4017 ва дар Краснодар бояд 4474 рубл супоранд.
Блоки рекламавӣ