ВКД аз рух додани чанд ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар рӯзҳои охир, ки боиси ба ҳалокат расидан ва маҷруҳ шудани одамон шудааст, хабар дод.

21-уми апрели соли 2025, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Авалон» Раҷабоев Зариф Шарифович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ғафурови ноҳияи Сино аз самти кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи Сомонӣ, бо қисмати пеши воситаи нақлиёташ, пиёдагард Саторзода Шабнам Абдураҳмон, соли таваллудаш 2001 ва хурдсол Саидов Алиҷон Муҳаммадович, соли таваллудаш 2022, сокинони пойтахтро пахш кардааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Саторзода Ш.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, хурдсол Саидов А.М. дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

22-юми апрели соли 2025, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Абдукаримзода Абдукарими Абдураҳим, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Вахш, бо мусофиронаш Комрони  Ҷангихон, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Балҷувон, Саидзода Шаҳриёр, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе ва Шарипова Фарзона, соли таваллудаш 2005, Ашурова Фарангиз, соли таваллудаш 2007, сокинони шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара ба маркази ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо дарахтони тут бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Абдукаримзода А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар  ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирони дигари дохили автомашинаи мазкур Комрони Ҷ. ва Шарипова Ф. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхона бистарӣ гардидаанд.  Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь