Владимир Путин, президенти Федератсияии Русия эълом кард ки пас аз дархости Ҷумҳурии Халқии Донетск (ҶХД) ва Ҷумҳурии Халқии Луганск (ҶХЛ) тасмим ба роҳандозии амалиёти вижа дар Донбассро гирифтааст.

Вай таъкид кард, ки барномаҳои Русияи шомили ишғоли сарзаминҳои Украина нестанд.

«Мувофики моддаи 51-и Оинномаи СММ, бо иҷозати Шӯрои Федератсия, ман тасмим гирифтам, ки амалиёти махсуси низомӣ гузаронам… Мо барои халъи силоҳ ва хунсо кардани миллатгароӣ дар Украина саъй хоҳем кард”, – гуфт президент дар телевизиони “Россия-24”.

Вай қайд кард, ки дар ин масъала ба «мавқеи ягонаи парламент» умед мебандад.

«Ҳамчунин барои ба ҷавобгарӣ кашидани афроде, ки алайҳи мардуми осоишта, аз ҷумла шаҳрвандони Федератсияи Русия, ҷиноятҳои сершумори хунин содир кардаанд, талош хоҳем кард”, – гуфт Путин.

“Ҳеҷ кас набояд шубҳа дошта бошад, ки ҳамлаи мустақим ба Русия ба шикаст ва оқибатҳои даҳшатноки таҷовузкори эҳтимолӣ оварда мерасонад”, – таъкид кард президент.

Қаблан сарони ҶХД ва ҶХЛ Денис Пушилин ва Леонид Пасечник бо дархости кумак дар рафъи таҷовузи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Владимир Путин муроҷиат карда буданд. Онхо дар номаҳояшон гуфтаанд, ки бе дахолати Русия дар ин ҷо фалокат сар зада метавонад.

Владимир Путин рӯзи 21 феврал соҳибихтиёрии ҶХД ва ҶХЛ-ро эътироф карда, инчунин бо сарони онҳо шартномаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва расондани кӯмаки мутақобила ба имзо расонд. Дар ҳуҷҷатҳо ҳамчунин фиристодани низомиёни Русия ба Донбасс, дар минтақаи даргириҳои низомӣ, пешбинӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь