Русия маҷмааи мушаки «Искандар»-ро, ки метавонад ҳомили силоҳи ҳастаии токтикӣ низ бошад, ба Беларус таҳвил дод.
Президенти Русия Путин гуфт, Александр Лукошенко, президенти Беларус муддатҳост, ки суоли имкони истиқрори силоҳҳои ҳастаии токтикии Русия дар хоки кишварашро матраҳ кардааст.
Раҳбари Русия дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Павел Зарубин гуфт, ки 10 ҳавопаймои қодир ба ҳамли силоҳҳои ҳастаии токтикӣ дар ҳол ҳозир дар хоки ин ҷумҳурӣ мустақар шудаанд.
Илова бар ин, президенти Русия гуфт, ки Русия маҷмааи мушаки «Искандар»-ро ба Беларус мунтақил кардааст. Он ҳамчунин метавонад ҳомили силоҳҳои ҳастаии токтикӣ бошад. Путин гуфт, дар 3-юми апрел, омӯзиши хадамаро оғоз хоҳанд кард ва дар 1 июл сохти як маркази захирасозии вежаи силоҳҳои ҳастаии токтикиро дар хоки Беларус такмил хоҳанд кард.
Путин дар айни ҳол тавзеҳ дод, ки Русия силоҳҳои ҳастаии токтикиро ба Беларус мунтақил намекунад. «Мо асосан он кореро анҷом медиҳем, ки онҳо (ИМА) барои чандин даҳа анҷом додаанд. Онҳо (ИМА) дар бархе кишварҳо силоҳҳои ҳастаии токтикӣ доранд ва дар ҳоли омодасози боркашонҳо ва омодасози хадамаи худ ҳастанд», – гуфт Путин.
Путин ёдовар шуд, ки ИМА аз муддатҳо пеш силоҳи ҳастаии токтикии худро дар қаламрави кишварҳои шарики худ аз кишварҳои NATO дар Аврупо, дар шаш кишвар мустақар карда буд. «Агар хотираам хиёнат накунад, инҳо Олмон, Туркия, Нидерланд, Белжик, Итолиё ва Юнон ҳастанд», – гуфт Путин.