15-уми май дар толори бинои Шарқи Озод маҳфили рӯнамои китобҳо аз ҷониби газетаи СССР ташкил ва баргузор гардид. Дар маҳфил журналистон ва нависандагон аз қабили Абдулҳамид Самад, Абдуқодир Раҳим ва дигарон иштирок доштанд.

Нахустин китобе, ки рӯнамои ва пешкаши ҳозирин гардид ин китоби шеърҳои марҳум Шарифи Мисайзод буд. Китоб “Аввалу охири ишқ” ном дошта, дар он дар баробари шеърҳо як қатор хотироти ҳамкорон дар бораи Мисайзод дарҷ гардидаанд.

“Эшон – Бала” чунин ном дорад китоби дигаре, ки муаллифи он сармуҳаррири газетаи СССР Сайёфи Мизроб мебошад. Романи “Эшон-Балла” дар бораи қаҳрамониҳои Эшон Балла дар солҳои 1920 қисса мекунад. Тамоми қаҳрамонҳои асар шахсони воқеӣ мебошанд.

Китоби “Гуфтугӯ бо табиат”, ки ба қалами журналист Мақсуд Ҳусейнов тааалуқ дорад, бори нахуст соли 1989 ба табъ расида буд. Дар ин китоб очерку лавҳаҳои журналист Мақсуд Ҳусейнов дар васфи табиат гирдоварӣ шудаанд. Муаллиф хонандагонро ба парастиш, дӯст доштан, ҳифз намудани паррандаву хазандагон, куҳӯ ҷангалу дарё водор месозад.

Дар идомаи маҳфил меҳмонон аз муаллифони китобҳо ба некӣ ёд оварда дар бораи хотироти ширини бо эшон доштаашон қиссаҳо карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь