Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд маросими рӯнамоии китоби “Пешвои хирадсолор” баргузор гардид. Ин китоб ба қалами сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода мутааллиқ мебошад.
Дар оғози маросим Абдуҷаббор Раҳмонзода аз иштирокчиён ибрози сипос намуд, ки даъвати ӯро ба инобат гирифтанд ва дар ин маросими рӯнамоӣ бо ҳузури худ онро шукӯҳи тоза бахшиданд.
Ба гуфтаи муаллиф ин маҷмӯа дар як муддати кӯтоҳ таҳия ва мавриди интишор қарор гирифт. Дар он хидматҳои барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва таҳаввулоти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа бозтоб гардидааст.
– Дар замони соҳибистиқлолӣмаҳз бо кӯшиши ин Пешвои хирадсолор низоми давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, барои дарки дирӯзу имрӯза таърихи халқи тоҷикроҳи васеъ боз шуд. Дар баробари ин, аҳли ҷомеа ба масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳӣ бештар майл пайдо карданд ва дар шинохти ҳастии миллат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, – изҳор кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Олим ва шоир Ҷаъфари Муҳаммад дар маросим аз он ҳарф зад, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳайси олиму сиёсатмадор шинохта шудааст ва соҳиби фарҳангу хирад мебошад.
– Барои бозтоби шахсияти Эмамалӣ Раҳмон қалам ба даст гирифтану нишон додани хидматҳои ӯ хеле иқдоми хубу наҷибест, ки шумо, устод Раҳмонзода анҷом додаед. Зеро Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи Тоҷикистон хидматҳои зиёд кардааст ва дар барқарории сулҳу ваҳдати мардуми тоҷик ҷонбозиҳо кардааст,-иброз дошт Ҷаъфари Муҳаммад.
Вай тазаккур дод, ки дар бораи Пешвои миллат навиштани китоб падидаи нав нест. Хуб коре шудааст, ки дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷуръат намудаву ба ин кори савоб даст задааст. Зеро дар бораи Владимир Путин 50 китоб навиштаанд. Дар чанд китоби дигар хидматҳои Доналд Трамп инъикос ёфтааст.
-Муҳим ин аст, ки одамон хидматҳои чунин шахсиятҳои воломақом барои халқу миллаташонро донанд, дарк кунанд. Дар саросари минтақа Эмомалӣ Раҳмонро хеле ба хубӣ мешиносанд ва хидматҳои ӯро эътироф мекунанд. Аммо шумо кӯшиш кардаед, ки бархе аз паҳлӯҳои кори ин марди хирадсолорро дар китоб зикр намоед,-гуфт Ҷаъфари Муҳаммад.
Ба гуфтаи журналист Шоқаҳҳор Салимов чопи киоби “Пешвои хирадсолор” барои тамоми тоҷикон боиси ифтихор мебошад. Ин беҳуда нест.
-Дар симои Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони олам пешвои муаззами худро мебинанд. Вай барои халқу миллати худ боз хидматҳои бисёр хоҳад кард. Имрӯз Тоҷикистон рушду ривоҷ меёбад ва зиндагии мардуми он беш аз пеш фаровон мегардад. Дар ин ҷода маҳз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон-Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон хеле арзишманд арзёбӣ мешаванд,-афзуд Шоқаҳҳор Салимов.
Яке аз аъзои фаъоли Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ризқиддин Эсонов ба он нукта таваҷҷӯҳи иштирокчиёни маросими рӯнамоии китоби “Пешвои хирадсолор”-ро ҷалб намуд, ки ҳифзи забону фарҳанг ва суннатҳои миллии тоҷикӣ кори басе шоиста ва пурифтихор мебошад. Вай ва як гурӯҳ равшанфикрон маҳз дар ҳамин ҷода саҳм мегузоранд.
-Мо ҳанӯз солҳои бӯҳрони сартосарӣ маркази фарҳангии тоҷиконро дар шаҳри Чирчиқ ташкил карда будем. Мо тибқи Қонуни асосӣ дар Ӯзбекистон кору зиндагӣ мекунем ва барои рушду ривоҷи он саҳм мегирем. Забону фарҳангамон бояд бештар рушду нумӯъ кунад ва дар ин робита Маркази миллӣ-фарҳангӣ нақши бештар бибозад. Дар китоби “Пешвои хирадсолор” нукоти муҳиме гирдоварӣ шудаанд, ки танҳо баъди мутолиа кас метавонад ба дарки ин маъниҳо барасад. Нашри онро барои тамоми тоҷикони Тоҷикистону Ӯзбекистон муборакбод мегӯям,-гуфт Ризқиддин Эсонов.
Дар ин маросим ҷонишини сардабири рӯзномаи “Овози тоҷик” Тоҷибой Икромов, шоир, олим ва тарҷумон Файзхоҷа Маҳмуд ва дигарон доир ба маҷмӯаи тозанашри “Пешвои хирадсолор”-и Абдуҷаббор Раҳмонзода фикрҳои худро баён карданд.
Дар поёни маросими рӯнамоӣ сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд, муаллифи “Пешвои хирадсолор” академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳар як иштирокчии он бо соядаст маҷмӯаро тақдим намуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд