Дирӯз китобҳои «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ва «Тоҷикон дар сӯҳбати Ғафуров ва Сталин»-и журналисти номвари тоҷик Шариф Ҳамдампур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид.
Дар оғоз Сангин Гулов, номзади илмҳои филологӣ, мазмун ва мӯҳтавои китобҳоро муаррифӣ намуда, аҳамияти бузурги ононро дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ – филология, таърих ва ҳамчунин журналистика гуфт ва иброз дошт, ки китобҳои зикршуда ба рӯзноманигорону қаламкашон, махсусан ба онҳое, ки дар жанри мусоҳиба худро меозмоянд, ҳамчун мактаби хуби эҷодӣ ва раҳнамо хидмат мекунанд.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз шахсияти муаллиф гуфта, зикр кард, Шариф Ҳамдампур дар таърихи тоҷикон назари худро дошта, муҳаққиқи варзидаест, ки дар сабти дурусту воқеии таърих саҳми бориз гузоштааст.
– Касоне, ки дар риштаи рӯзноманигорӣ фаъолият доранд, хуб огоҳанд, ки чи андоза мусоҳиба оростан, он ҳам махсус бо президенту дипломатҳо душворӣ дорад. Шарифи Ҳамдампур ин мушкилотро дар кафи даст гирифта, тавонистааст бо сиёсатмадорони давр сӯҳбатҳое орояд, ки дар ҳақиқатнигории таърих ҳиссаи бориз гузорад, – гуфт Сатторзода.
Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз омодагиҳои қавиву дақиқи Шариф Ҳамдампур бар мусоҳибаҳо ёдрас шуд ва иброз дошт, ки аз раванди фаъолияти эҷодии муаллиф хуб огоҳ буда, дар мавридҳои дастрасӣ мусоҳибон ба ӯ мадад расонидааст.
Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқони соҳаи журналистика, зимни суханронӣ аз «Тоҷикон…»-и Ҳамдампур иқтибосҳоро зикр карда, ҳусни китобро сутуд ва ҳамзамон аз нуктаҳое, ки барои хонанда норӯшан аст, ибрози андеша намуд.
– На ба ҳар журналист даст медиҳад, ки бо президент мусоҳиба кунад, аммо Шариф Ҳамдампур аз президенти Тоҷикистон сар карда, президенти давлати Исроилу Афғонистон ва Қирғизистону Беларусро ба сӯҳбат кашидааст, ки ин бурди журналистист, – таъкид дошт Шарифзода.
Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ дар баромади худ «Чунин гуфт оне, ки буду, оне ҳаст»-ро китобе хонд, ки дар рушди соҳаи илму фарҳанг ва журналистика таъсири нек мегузорад.
Зимни сӯҳбат профессор Иброҳим Усмонов қайд кард, муҳимтарин кори муаллиф дар «Тоҷикон…» ворид сохтани гуфтугӯи Бобоҷон Ғафуров ва Сталин аст, ки то ин замон ба таври пурра дарҷ нагардида буд.
Ҳамчунин, собиқадорони журналистика Муҳаммад Ғоиб ва Раҷаби Мирзо ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷом Шариф Ҳамдампур аз ҷамъомадагон сипосгузорӣ намуда, гуфт, маҳфили имрӯзаи мо идомаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аст ва фарогири ғизоии маънавист, ки миллати тоҷик пайванд ба ин ғизоро қарнҳост бо худ дорад.
– Мусоҳибони ман шахсони таърихӣ ҳастанд ва ин, албатта, кори рӯзмарраи мо буду ҳаст, – таъкид дошт муаллиф.
Ҷилди аввал мунтахаби «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» маҷмӯи мусоҳиба бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангист, ки ба чаҳор боб ҷудо мешавад: «Гирдоби сиёсат» – мусоҳибаҳои бо президентҳои кишварҳои гуногун; «Дипломат», ки сӯҳбат бо сиёсатмадорон; маҷмӯи мусоҳиба бо шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ – «Хирмани андеша» ва «Ақл ва сиголиш» ном гирифтааст, ки дар солҳои гуногун ороста шудаанд.
«Тоҷикон дар сӯҳбати Ғафуров ва Сталин» лаҳзаҳо аз рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров аст, ки муаллиф онҳоро аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикону пайвандони Ғафуров ва китобхонаву бойгониҳо ҷамъ оварда, ки на танҳо чеҳраи воқеии алломаро боз кардааст, балки парда аз рӯи чанд ҳақиқати таърих бардоштааст.
Шариф Ҳамдампур фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав буда, дар ҷодаи журналистика ҳамчун публистисти муваффақ зикр мешавад. Имрӯз ӯ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва директори генералии медиа-холдинги «Оила» аст.
Аз ин пеш китобҳои «Похищенный алфавит» ва «Тафсилоти як сафари пурхатар»-и ӯ ба табъ расида буданд. Дар идома ду китоби дигари муаллиф – мунтахаби мақола, очерк, гузориш ва сафарномаҳо дар навбати чоп қарор доранд.
Меҳрофарин Наҷибӣ