Дар шимоли мамлкат як зан дар ҳолати мастӣ бо автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» кӯдаки 4-солаеро пахш кардааст. Дар ин бора шабакаи телевизиони маҳаллии СМ-1 гузориш дод.

Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ин занро хизматчии 56-солаи яке аз қисми ҳарбии Вазорати мудофиа ном бурдааст. Зани сархуш ба бозрасӣ иқрор шудааст, ки оби ҷав (пиво) нӯшидааст.

Аз беморхонаи шаҳри Бӯстон дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфтаанд, ки 2-юми сентябр ба шӯъбаи эҳёи ин беморхона кӯдаки хурдсолро бо бардоштани ҷароҳати вазнин овардаанд. Дар натиҷаи садама табибон маҷбур шудаанд, ки гурдаи чапи кӯдакро ҷарроҳӣ кунанд. Ба гуфти духтури эҳёгар вазъи саломатии кӯдак хуб будааст.

Гуфта мешавад, ки ин нахустин садамаи нақлиётӣ дар ин сол бо айби ронандазани сархуш дар шимолии Тоҷикистон будааст, ки ба бардошти ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ сабаб шудааст. Соли равон дар вилояти Суғд 3 садамаи нақлиётӣ бо айби ронандазанон ба қайд гирифта шудааст, дар пайи ин ҳодисаҳо 6 нафар ҳалок ва 5 кас маҷрӯҳ шудаанд.

Акс аз СМ-1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь