Дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва шуъбаю бахшҳои он  барои иҷро накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 1886 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи  наздики 597 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.

Сардори Раёсати мазкур Шафизода Исроил гуфт, ки аз ин  маблағ 424 ҳазору 794 сомониаш ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №779 “Оиди тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз он меъёрҳои муқараршуда зиёданд” ҷадвали навбатдорӣ аз ҷониби мутахассисон дар дидбонгоҳҳои “Панҷи-Поён”, “Қизил-қалъа”, “Ёвон” ва дигар ҷойҳои муайянгардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш зери назорат қарор дода шудааст.  Дар ин давра барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм, вазн ва бе сертификати боркашӣ фаъолият намудан нисбати 91 ронандаи  воситаҳои нақлиёти боркаш тибқи моддаи  311 КҲМ ҶТ ба мабалағи 327 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Ба гуфти номбурда, дар маҷмуъ 12 ҳазору 396 воситаи нақлиёт дар асоси иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонию боркашонӣ дар минтақаи Бохтар машғул мебошанд, ки аз ин шумора 395 воситаи нақлиёт дар асоси иҷозатнома фаъолият мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь